Шуд зи ғамат хонаи савдо дилам

Шуд зи ғамат хонаи савдо дилам,
Дар талабат рафт ба ҳар ҷо дилам!

Дар талабат, зуҳрарухи моҳрӯ,
Менигарад ҷониби боло дилам!

Фарши ғамаш гаштаму охир зи бахт
Рафт бар ин сақфи мусаффо дилам!

Оҳ, ки имрӯз диламро чӣ шуд?!
Душ чӣ гуфтаст касе бо дилам?!

Аз талабат гавҳари гӯёи ишқ
Мавҷ занад, мавҷ, чу дарё дилам!

Рӯз шуду чодари шаб медарад,
Дар пайи он айшу тамошо дилам!

Аз дили ту дар дили ман нуктаҳост,
Аҳ, чи раҳ аст аз дили ту то дилам?!

Гар накунӣ бар дили ман раҳмате,
Вой дилам, вой дилам, во дилам!

Ай Табрез, аз ҳаваси Шамси дин,
Чанд равад сӯйи Сурайё дилам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.