Хуш мегурезӣ ҳар тараф аз ҳалқаи мо, не, макун

Хуш мегурезӣ ҳар тараф аз ҳалқаи мо, не, макун,
Ай моҳ, барҳам мезанӣ аҳди Сурайё, не, макун!

Ту рӯзи пурнуру лаҳаб, ту дар пайи ту ҳамчу шаб,
Ҳар ҷо, ки манзил мекунӣ, оем он ҷо, не макун!

Ай офтобе дар ҳамал, боғ аз ту пӯшида ҳулал,
Бе ту бимонад аз амал дар захми сармо, не макун.

Ай офтоби дояе, мо дар пайат чун сояе,
Ай доя, бе алтофи ту мондем танҳо, не макун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.