Чиҳраи шармгини ту бистад шармгони ман

Чиҳраи шармгини ту бистад шармгони ман,
Шӯри ту кард оқибат фитнаву шар макони ман!

Маҳ, ки нишонаи ту аст, лобакунон ба пеши ту,
Пеши худам нишон даме, ай шаҳи хушнишони ман!

Дар раҳи ту камин хасам, аз раҳи дур мерасам,
Ай дили ман ба дасти ту, бишнав достони ман!

Гирди фалак ҳамедавам, пуру тиҳӣ ҳамешавам,
З-он ки қарор бурдайӣ, ай дилу ҷон, зи ҷони ман!

Гирди ту гаштаме, вале гирд куҷост мар туро?!
Гирди дари ту медавам, ай дари ту амони ман!

Ишқ бурид нофи ман, бар ту бувад тавофи ман,
Лофи ману газофи ман пеши ту тарҷумони ман!

Гаҳ ҳама лаъл мешавам, гоҳ чу наъл мешавам,
То карамат бигӯядам: "Боз даро ба кони ман!".

Гуфт маро, ки чанд-чанд, сер нагаштӣ аз сухан,
З-он ки суви ту меравад ин сухани равони ман?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.