Чи бошад пешаи ошиқ ба ҷуз девонагӣ кардан?!

Чи бошад пешаи ошиқ ба ҷуз девонагӣ кардан?!
Чи бошад нози маъшуқон ба ҷуз бегонагӣ кардан?!

Зи ҳар зарра биёмӯзед пеши нур барҷастан,
Зи парвона биёмӯзед он мардонагӣ кардан!

Чу шери маст берун ҷаҳ, на аввал дону на охир,
Ки ояд нанг шеронро зи рӯбаҳшонагӣ кардан!

Сарафроз аст куҳ, лекин надонад зарра пошидан,
Чӣ гӯям бозро, лекин куҷо парвонагӣ кардан?!

Ба пеши тир чун испар бараҳна захмро ҷустан,
Миёни кӯра бо оташ чу зар ҳамхонагӣ кардан!

Гар оби ҷӯй ширин аст, вале ку ҳайбати дарё,
Куҷо фарзини шаҳ будан, куҷо фарзонагӣ кардан?!

Туйӣ паймонаи асрор, гӯшу чашмро барбанд,
Натонад косаи сӯрох худ паймонагӣ кардан!

Агар бошад шабе равшан, куҷо бошад ба ҷойи рӯз?!
В-агар бошад шабе тобон, куҷо дурдонагӣ кардан?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.