Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон?!

Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон?!
В-аз кибри касон ранҷӣ в-андар ту дусад чандон!

Гирёниву пурзаҳрӣ, бо халқ чӣ бо қаҳрӣ,
Монанди сари бирёнгашта, ки манам хандон?!

Ман сӯфии босуфам, ман омири маъруфам,
Чун шаҳна бувад он кас, к-ӯ бошад дар зиндон?!

Маъзурии худ дида, дар хеш турунҷида,
Узри дигарон хоҳад аз боби ҳунармандон!

Бар донишу ҳоли худ таъвил кунӣ Қуръон,
В-он гоҳ ҳам аз Қуръон дар халқ занӣ сандон!

Оби ҳаявон ёбӣ, гар хок шавӣ раҳро,
В-аз боду бурут ойӣ дар нор ту дарбандон!

Бигрез аз ин дарбанд, бар ҷумла ту дар дарбанд,
Ҷуз Шамси Ҳақи Табрез - султони шакарқандон!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.