Оройиши боғ омад ин рӯй, чи рӯй аст ин?!

Оройиши боғ омад ин рӯй, чи рӯй аст ин?!
Мастии димоғ омад ин бӯй, чи бӯй аст ин?!

Ин хонаи ҷаннот аст ё кӯйи харобот аст,
Ё Раб, ки чи хона-ст ин, ё Раб, ки чи кӯй аст ин?!

Дар дил сифати Кавсар, ҷӯйе зи майи аҳмар,
Дил пур шуда аз дилбар, ё Раб, ки чи ҷӯй аст ин?!

Ай бар сари ҳар пушта аз дарди ту сад кушта,
Ту парда фурӯ ҳишта, ай дӯст, чи хӯй аст ин?!

Ҷонҳо, ки ба завқ омад, дар ишқ ду ҷавқ омад,
Дар ишқ шароб аст он, дар ишқ сабӯй аст ин!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.