Аз чашмаи ҷон раҳ шуд дар хонаи ҳар мискин

Аз чашмаи ҷон раҳ шуд дар хонаи ҳар мискин,
Монандаи корезе бе тешаву бе метин!

Дил рӯй суйи ҷон кард, к-ай ошиқу в-ай пурдард,
Бар равзани дил баррав, дар хонаи худ маншин!

Ай хоҷаи савдойӣ, мебош ту саҳройӣ,
Дар гулшани шодӣ рав, мангар ба ғами ғамгин!

Чун пӯст бувад ин дил, чун оташ бошад ғам,
В-ин пӯст аз он оташ чун суфра бувад пурчин!

Чун дидаи дил аз ғам пурхок шавад, ай ам,
Табрез куҷо ёбӣ бо ҳазрати Шамсуддин?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.