Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан

Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан,
Моро зи хаёли ту бувад рӯза кушодан!

Ай лутфи туро қоиъда бар рӯзакушоён,
Монанди Масеҳо зи фалак мойида додан!

Чун қути дил аз матбахи савдои ту бошад,
Бояд ба миён рафтану дар лут фитодан!

Моро ҳам аз он оташи дил оби ҳаёт аст,
Бар оташи дил шод бисӯзем чу лодан!¹

Кори ҳайавон аст, на кори дилу ҷон аст
Дар хок бипӯсидану аз хок бизодан!


¹ Шилми хушбӯйи табобатӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.