Нашояд аз ту чандин ҷавр кардан

Нашояд аз ту чандин ҷавр кардан,
Нашояд хуни мазлумон ба гардан!

Маро баҳри ту бояд зиндагонӣ,
В-агар не, саҳл дорам ҷон супурдан!

Аз он рӯзе, ки номи ту шунидам,
Шудам оҷиз ман аз шабҳо шумурдан!

Раво бошад, ки аз чун ту кариме
Насиби ман бувад афсӯс хӯрдан?!

Худовандо, аз он хуштар чӣ бошад
Бидидан рӯйи ту, пеши ту мурдан?!

Мисоли шамъ шуд хунам дар оташ,
Зи дил ҷӯшидану бар рух фасурдан!

Дар ин зиндон маро кандаст дандон,
Аз ин сабру аз ин дандон фашурдан!

Аз ин хона шудам ман сер, вақт аст
Ба боми осмонҳо рахт бурдан!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.