Шунидӣ ту, ки хат омад зи хоқон

Шунидӣ ту, ки хат омад зи хоқон,
Ки аз парда бурун оянд хубон?!

Чунин фармудааст хоқон, ки имсол
Шакар хоҳам, ки бошад сахт арзон!

Зиҳӣ солу зиҳӣ рӯзи муборак,
Зиҳӣ хоқон, зиҳӣ иқболи хандон!

Даруни хона биншастан ҳаром аст,
Ки султон мехиромад сӯйи майдон!

Биё бо мо ба майдон, то бибинӣ
Яке базми хуши пайдои пинҳон!

Ниҳода хону ниъматҳои бисёр
Зи ҳалвоҳову аз мурғони бирён!

Ғуломони чу маҳ дар пеши соқӣ,
Навои мутрибони хуштар аз ҷон!

Валек аз ишқи шаҳ ҷонҳои мастон
Фароғат дорад аз соқиву аз хон!

Ту гӯйӣ: «Ин куҷо бошад?» Ҳамон ҷо,
Ки андешай куҷо гаштаст ҷӯён!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.