Гар ин ҷо ҳозирӣ, сар ҳамчунин кун

Гар ин ҷо ҳозирӣ, сар ҳамчунин кун,
Чу кардӣ, бори дигар ҳамчунин кун!

Маро дӣ танг андар бар кашидӣ,
Биё, ай тунги шаккар, ҳамчунин кун!

Дару боми маро дӣ мешикастӣ,
Даро имрӯз аз дар, ҳамчунин кун!

Миёни ҷони чокар кор кардӣ,
Ба пеши чашми чокар ҳамчунин кун!

Чи хуш кардӣ, маҳо, он шеваро дӣ,
Раҳо кун нозу хуштар ҳамчунин кун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.