Натонӣ омадан ин роҳ бо ман

Натонӣ омадан ин роҳ бо ман,
Куҷо дорад ҳариса¹ пойи равған?!

Вале ҳамроҳиву бо ту бисозам,
Ки чашми ман ба рӯйи туст равшан!

Чу аз роҳат бибурдам, шарт набвад
Миёни роҳ тарки дӯст кардан!

Бағалҳоят бигирам ҳамчу пирон,
Чу тифлонат ниҳам гоҳе ба гардан!

Чу одам тавба кун аз хӯшачинӣ,
Чу киштӣ базр, они туст хирман!

Даҳон барбанд, гӯши фаҳм баста-ст,
Магӯ чизе, ки менояд ба гуфтан!


¹ Як навъ хӯроки часпак.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.