Ай рӯйи маҳи ту шод, хандон

Ай рӯйи маҳи ту шод, хандон,
Он рӯй ҳамеша бод хандон!

Он моҳ зи ҳеч кас назодаст
В-ар з-он ки бизод, зод хандон!

Ай Юсуфи юсуфон нишастӣ
Дар маснади адлу дод хандон!

Он дар, ки ҳамеша баста будӣ,
Во шуд зи ту бо кушод хандон!

Ай оби ҳаёт, чун расидӣ,
Шуд оташу хоку бод хандон!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.