Ай рӯйи ту навбаҳори хандон

Ай рӯйи ту навбаҳори хандон,
Аҳсант, зиҳӣ, нигори хандон!

Мебинамат, ай нигор, дар хулд
Бар шохи дарахт анори хандон!

Як лаҳза ҷудо мабош аз ман,
Ай ёри накӯъизори хандон!

Ай шаҳри ҷаҳон хароб бе ту,
Ай хусраву шаҳрёри хандон!

Ай сад гули сурхи ошиқи ту
Бар чашмаву сабзазори хандон!

Дар бешаи дил хаёли рӯят
Шер аст, кунад шикори хандонҷ

Ҳар рӯз зи ҷонибе баройӣ
Чун давлати беқарори хандон!

Баҳрест сифоти Шамси Табрез,
Пур аз дури шоҳвори хандон!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.