Ай арбадакарда дӯш бо ман

Ай арбадакарда дӯш бо ман,
Май хӯрдаву карда ҷӯш бо ман!

Ай ҷон, ба ҳақи висоли дӯшин,
Дар хашм чунин макӯш бо ман!

Гар бо ту зи ман баде бигуфтанд,
Бо банда бигӯ, мапӯш бо ман!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.