Ҳар сабӯҳӣ арғунунҳоро биранҷон ҳамчунин

Ҳар сабӯҳӣ арғунунҳоро биранҷон ҳамчунин,
Офаринҳо бар ҷамолат ҳамчунин, ҷон, ҳамчунин!

Пеши рӯят рӯз масту пеши зулфат шаб хароб,
Ай ки куфрат ҳамчунону в-ай ки ймон ҳамчунин!

Дар канори Зуҳра ниҳ ту чанги ишрат ҳамчунон,
Пойкӯбон андар о, ай моҳи тобон, ҳамчунин!

Иштиҳои мушку анбар чун бихезад ҷамъро,
Ҳалқаҳои зулфи худро з-ӯ барафшон ҳамчунин!

Чархаи чарх ар бигардад бе муродат як нафас,
Оташе дарзан ба ҷони чархи гардон ҳамчунин!

Рӯз рӯзи маҷлис аст, ай ишқ, дасти мо бигир,
Мекашон то базми хосу тахти султон ҳамчунин!

Пора-пора пештар рав, гарчи мастӣ, ай рафиқ,
Пораи роҳ аст аз мо то ба майдон ҳамчунин!

Дар ҳавои Шамси Табрезӣ зи зулмат мегузар,
Ногаҳон сар барзанӣ аз боғу айвон ҳамчунин!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.