Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!

Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз,
Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Офтобо, бори дигар боғро сарсабз кун,
Даштрову киштро пурҳуллаву пурҳур кун!

Ай табиби ошиқону ай чароғи осмон,
Ошиқонро даст гиру чораи ранҷур кун!

Инчунин рӯйе чу маҳ дар зери абр инсоф нест,
Соъате ин абрро аз пеши он маҳ дур кун!

Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рӯ бозгир,
В-ар ҷаҳон торик хоҳӣ, рӯйро мастур кун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.