Ёри худро хоб дидам, ай бародар, дӯш ман

Ёри худро хоб дидам, ай бародар, дӯш ман,
Бар канори чашма хуфта дар миёни настаран!

Ҳалқа карда, даст баста ҳуриён бар гирди ӯ,
Аз яке сӯ лолазору аз яке сӯ ёсаман!

Бод мезад нарм-нармак бар канори зулфи ӯ,
Бӯйи мушку бӯйи анбар мерасид аз ҳар шикан!

Маст шуд боду рабуд он зулфро аз рӯйи ёр,
Чун чароғи равшане, к-аз вай ту баргирӣ лаган!

З-аввали ин хоб гуфтам ман, ки ҳам оҳиста бош,
Сабр кун, то бо худ оям, як замон ту дам мазан!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.