Мӯй бар сар шуд сапеду рӯйи ман бигрифт чин

Мӯй бар сар шуд сапеду рӯйи ман бигрифт чин
Аз фироқи дилбаре косидкуни хубони Чин!

Ҷон зи ғайрат гӯшро гӯяд: «Ҳадисаш кам шунав»,
Дил зи ғайрат чашмро гӯяд, ки рӯяшро мабин!

Дасти ишрат баркушодам, то бибандам пойи ғам,
Ишратам ҳамранги ғам шуд, ай мусулмонон, чунин!

Даст дар санге задам, донам, ки бирҳонад маро,
Лек ғарқагашта ҳам чанге занад дар ону ин!

Аз дари дил даршудам, имрӯз дидам ҳоли ӯ:
Зардрӯю ҷомачоку беясору беямин!

Гуфтамаш: "Чунӣ, дило?" Ӯ гиря - дар шуд ҳой-ҳой
Аз фироқи моҳрӯйи ҳамнишону ҳамнишин!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.