Ёракон, рақсе кунед андар ғамам хуштар аз ин

Ёракон, рақсе кунед андар ғамам хуштар аз ин,
Курраи ишқам рамиду не лагом астам, на зин!

Пеши рӯйи моҳи мо мастона як рақсе кунед,
Мутрибо, баҳри Худо, бар даф бизан зарби ҳазин!

Рақс кун дар ишқи ҷонам, ай ҳарифи миҳрбон!
Мутрибо, дафро бикӯбу нест бахтат ғайр аз ин!

Он дафи хуби ту ин ҷо ҳаст мақбулу савоб,
Мутрибо, дафро бизан, бас мар туро тоъат ҳамин!

Мутрибо, ин даф барои ишқи шоҳи дилбар аст,
Мафхари Табрез, ҷони ҷони ҷонҳо Шамси дин!

Мутрибо, гуфтӣ ту номи Шамси дину Шамси дин,
Даррабудӣ аз сарам якборагӣ ту ақлу дин!

Чунки гуфтӣ Шамси дин, зинҳор, ту фориғ машав,
Куфр бошад дар талаб, гар з-он ки гӯйӣ ғайри ин!

Мутрибо, гаштӣ малӯл аз гуфти ман, аз гуфти ман,
Ҳамчунон хоҳӣ, макун ту ҳамчунину ҳамчунин!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.