Ба Худо, майл надорам на ба чарбу на ба ширин

Ба Худо, майл надорам на ба чарбу на ба ширин,
На бад-он кисаи пурзар, на бад-ин косаи заррин!

Бикушӣ аҳли заминро, ба фалак бонг занад маҳ,
Ки зиҳӣ ҷуду самоҳат, аҷабо, қудрату тамкин!
Чу хаёли ту битобад чу маҳи чорда бар ман,
Бигазад соъиду исбаъ зи ҳасад Зуҳраву Парвин!

Ҳала, алминнатулиллаҳ, ки бад-ин мулк расидам,
Ҳама ҳақ буд, ки мегуфт маро ишқи ту пешин!

Чу маро бар сари по дид, ба сар кард ишорат,
Ки расид, он чи ту хоҳӣ, ҳала, эман шаву биншин!

Ҳама халқ аз сари мастӣ зи тараб саҷдакунонаш,
Бараву гург ба ҳам хуш, на ҳасад дар дилу не кин!

Нашиносанд зи мастӣ раҳи диҳ аз раҳи хона,
Нашиносанд, ки мардем аҷаб ё гили рангин?!

Қадаҳ андар кафу хира, чи кунам ман аҷаб инро?!
Бихурам ё ки бибахшам, ту бигӯ, ай шаҳи ширин!

Ту бихур, чи-бвад бахшиш, ҳала, ки даври ту омад,
Ҳала хӯрдам, ҳала хӯрдам, чу манам пеши ту таъйин!

Ту хур ин бодаи аршӣ, ки агар як қадаҳ аз вай
Биниҳӣ бар кафи мурда, бидиҳад посухи талқин!