Соқиё, бархезу май дар ҷом кун

Соқиё, бархезу май дар ҷом кун
В-аз шароби ишқ дилро дом кун!

Номи риндиро бикун бар худ дуруст,
Хештанро лоуболӣ ном кун!

Чархи гарданда туро чун ром шуд,
Маркаби бемаркабиро ром кун!

Оташи бебокӣ андар чарх зан,
Хоки тира бар сари айём кун!

Мазҳаби зуннорбандон пеша гир,
Хидмати Ковусу Озар ном кун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.