Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман

Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман,
Банд гардад пеши ӯ гуфтори ман!

Узр мегӯяд, ки яъне хомушам,
Бо ту мегӯяд дили ҳушёри ман!

Бо касе дигар забон гардад ҳама,
Сирри худ мегӯяду асрори ман!

Гар бигӯяд в-ар нагӯяд рози ман,
Дил надорад сабр аз дилдори ман!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.