GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 222. Аз сари кӯйи ту ҳар, к-ӯ ба малолат биравад

Аз сари кӯйи ту ҳар, к-ӯ ба малолат биравад,
Наравад корашу охир ба хиҷолат биравад.

Корвоне, ки бувад бадрақааш ҳифзи Худо,
Ба таҷаммул бинишинад, ба ҷалолат биравад.

Солик аз нури ҳидоят бибарад роҳ ба дӯст,
Ки ба ҷое нарасад, гар ба залолат биравад.

Коми худ охири умр аз маю маъшуқ бигир,
Ҳайфи авқот, ки яксар ба батолат биравад,

Эй далели дили гумгашта, Худоро, мададе,
Ки ғариб ар набарад раҳ, ба далолат, биравад.

Ҳукми мастуриву мастӣ ҳама бар хотимат аст,
Кас надонист, ки охир ба чӣ ҳолат биравад.

Ҳофиз, аз чашмаи ҳикмат ба каф овар ҷоме,
Бӯ, ки аз лавҳи дилат нақши ҷаҳолат биравад.

Ҳофизи Шерозӣ 223. Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад
Ҳофизи Шерозӣ 224. Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад
Ҳофизи Шерозӣ 225. Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад
Ҳофизи Шерозӣ 226. Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
Ҳофизи Шерозӣ 227. Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад
Ҳофизи Шерозӣ 228. Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад?
Ҳофизи Шерозӣ 229. Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад
Ҳофизи Шерозӣ 230. Агар ба бодаи рангин дилам кашад, шояд
Ҳофизи Шерозӣ 231. Гуфтам: «Ғами ту дорам», Гуфто: «Ғамат сар ояд»
Ҳофизи Шерозӣ 232. Бар сари онам, ки гар зи даст барояд
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Ҳофизи Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР