Ай Худо, ин васлро ҳиҷрон макун!

Ай Худо, ин васлро ҳиҷрон макун!
Сархушони ишқро нолон макун!

Боғи ҷонро тозаву сарсабз дор!
Қасди ин мастону ин бустон макун!

Чун хазон бар шоху барги дил мазан,
Халқро мискину саргардон макун!

Бар дарахте, к-ошёни мурғи туст,
Шох машкан, мурғро паррон макун!

Ҷамъу шамъи хешро барҳам мазан!
Душманонро кӯр кун, шодон макун!

Гарчи дуздон хасми рӯзи равшананд,
Он чи мехоҳад дили эшон, макун!

Каъбаи иқбол ин ҳалқа-сту бас,
Каъбаи уммедро вайрон макун!

Ин таноби хаймаро барҳам мазан,
Хаймаи туст, охир, ай султон, макун!

Нест дар олам зи ҳиҷрон талхтар,
Ҳар чи хоҳӣ, кун, валекин он макун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.