Рав, қарор аз дили мастон бистон

Рав, қарор аз дили мастон бистон,
Рав, хироҷ аз гули бустон бистон!

Кулаҳи маҳ зи сари маҳ баргир,
Гарави гул зи гулистон бистон!

Сухани ҷони раҳӣ гуфтӣ дӯш,
Они туст он, ҳала, бистон, бистон!

Ай ки дар боғи рухаш раҳ бурдӣ,
Гули тоза ба зимистон бистон!

Ай ки аз нози шаҳон метарсӣ,
Тифли ишқӣ, сари пистон бистон!

Дил қавӣ дор, чу дилбар хоҳӣ,
Дили худ аз дили сустон бистон!

Чобуку чуст рав андар раҳи ишқ,
Муҳраро аз кафи чустон бистон!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.