Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун

Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун,
Гуфтӣ: «Хушӣ ту бе мо!», з-ин таънаҳо гузар кун!

Гуфтӣ маро ба ханда: «Хуш бод рӯзгорат!»,
Кас бе ту хуш набошад, рав қиссаи дигар кун!

Гуфтӣ: «Малӯл гаштам, аз ишқ чанд гӯйӣ»,
Он кас, ки нест ошиқ, гӯ, қисса мухтасар кун!

Дар оташам, дар обам, чун маҳраме наёбам,
Кунҷе равам, ки, ё Раб, ин теғро сипар кун!

Густохамон ту кардӣ, гуфтӣ ту рӯзи аввал:
«Ҳоҷат бихоҳ аз мо в-аз дарди мо хабар кун!».

Гуфтӣ: «Шудам парешон аз муфлисии ёрон»,
Бикшо ду лаб, ҷаҳонро пурдурру пургуҳар кун!

Гуфтӣ: «Камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат»,
Бикшо ду дасти раҳмат, бар гирди ман камар кун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.