Он хубро талаб кун андар миёни ҳурон

Он хубро талаб кун андар миёни ҳурон,
Машнав касе, ки гӯяд: «Он фитнаро машӯрон!».

Дар дил чу нақш бандад, ҷон аз тараб бихандад,
Сад гун шакар биҷӯшад аз талхии сабурон.

Аз партаве, ки афтад дар чашмҳо зи рӯяш,
Хориш чи афтад аз вай дар чашмҳои кӯрон?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.