Хуш аст дард, ки бошад умеди дармонаш

Хуш аст дард, ки бошад умеди дармонаш,
Дароз нест биёбон, ки ҳаст поёнаш.

На шарти ишқ бувад бо камони абруи дӯст,
Ки ҷон сипар накунӣ пеши тирборонаш.

Адимро¹ ки таманнои бӯстон бошад,
Зарурат аст таҳаммул зи бӯстонбонаш.

Висоли ҷони ҷаҳон ёфтан ҳаромаш бод,
Ки илтифот бувад бар ҷаҳону бар ҷонаш.

Зи Каъба рӯй нашояд ба ноумедӣ тофт,
Камина² он ки бимирем дар биёбонаш.

Агарчи ноқису нодонам, ин қадар донам,
Ки обгинаи ман нест марди сандонаш.

Валек бо ҳама айб эҳтимоли ёри азиз
Кунанд, чун накунанд эҳтимоли ҳиҷронаш.

Гар ояд аз ту ба рӯям ҳазор тири ҷафо,
Ҷафост, гар мижа бар ҳам занам зи пайконаш.

Ҳарифро, ки ғами ҷони хештан бошад,
Ҳанӯз лофи дурӯғ аст ишқи ҷононаш.

Ҳакимро, ки дил аз даст рафту пой аз ҷой,
Сари салоҳ³ таваққуъ мадору сомонаш.

Гуле чу рӯи ту гар мумкин аст дар офоқ,
На мумкин аст чу Саъдӣ ҳазордастонаш.


¹ Нобудшуда, ниёзманд.
² Ҳадди ақал.
³ Нек шудан, беҳ шудан.