Ё ту туруш карда рӯ, моядиҳи шаккарон

Ё ту туруш карда рӯ, моядиҳи шаккарон
Тунги шакар мекашад, то биниҳад дар миён!

Сиркафурӯшон, ҳало, сирка бирезед зуд,
То ки асал пур кунад он шаҳи шаккарлабон!

Сиркаи нуҳсоларо, баҳри Худоро, бирез,
Чунки бирезӣ, биё, то диҳамат ман нишон!

Тӯтии ҷони туро сирка наво кай диҳад?!
Булбули масти туро шарт бувад гулситон!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.