Наъими ту на аз он аст, ки сер гардад ҷон

Наъими ту на аз он аст, ки сер гардад ҷон,
Маро ба хони ту бояд ҳазор ҳалқу даҳон!

Биё, ки оби ҳаётиву банда мустасқӣ,¹
На бандарост малолат, на лутфрост карон!

Биё, ки баҳри муъаллақ туйиву ман моҳӣ,
Миёни баҳриву ин баҳрро, ки дид миён?!

Зи баҳри туст яке қатраоби хоколуд,
Ки ҷон шудаст ба пеши ҷамоъате беҷон!

Биё, биё, ки туйӣ офтобу ман зарра,
Ба пеши шуълаи рӯят чу зарра чарх занон!


¹ Ташна.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.