Ба сулҳ омад он турки тунди арбадакун

Ба сулҳ омад он турки тунди арбадакун,
Гирифт дасти маро, гуфт: «Тукри ярлағасун».

Суол кардам аз чарху гардиши кажи ӯ,
Газид лаб, ки раҳо кун ҳадиси бесару бун!

Бигуфтамаш, ки чаро мекунад чунин гардиш?
Бигуфт: «Ҳезуми тар нест бе садои дутун!».

Бигуфтамаш: «Хабари нав шунидайӣ?», ӯ гуфт:
«Ҳадиси нав биравад дар шикофи гӯши куҳун!»

Баландҳиммативу чашми танги турки маро,
Агар ту воқифи розӣ, биёву шарҳ бикун!

На чашмтанги хасисам, валек раҳ танг аст,
Зи наргисони ду чашмам ба сӯйи ӯ раҳ кун!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.