Маст расид он бути бебоки ман

Маст расид он бути бебоки ман,
Дурдкашу дилхушу чолоки ман!

Гуфт: «Ба ман бингару дилшод шав,
Ҳеч ба худ мангар, ғамноки ман!

З-обу гил ин дидаи ту пургил аст,
Пок кунаш дар назари поки ман!».

Даст бизад, хирқаи ман чок кард,
Гуфт: «Мазан бахя бар-ин чоки ман!».

Рӯй чу бар хок ниҳодам, бигуфт:
«Пок макун рӯйи худ аз хоки ман!

Ай манат оварда, манат мебарам,
З-он ки манам шеру ту шишоки ман!

Нафт задам дар туву месӯз хуш,
Лек сияҳ менакунад зоки¹ ман!».


¹ Моддаи кимиёвӣ, намаке монанди даҳони ???.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.