Зулмати шаб партави зулмоти ман

Зулмати шаб партави зулмоти ман,
Нури маҳ аз нури мулоқоти ман!

Гавҳари тоъат шуд аз он кимиё
Зиллату инкору ҷиноёти ман!

Ҳаст самовот дар он орзу,
То нигарад сӯйи самовоти ман!

Ай рухи хуршед суйи бурҷи ман,
Ай шаҳи ҷон шоҳиди шаҳмоти ман!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.