Шаб шуд, ай Хоҷа-Закӣ, охир, он ёри ту ку?!

Шаб шуд, ай Хоҷа-Закӣ, охир, он ёри ту ку?!
Ёри хушовози ту, он хушдаму шаштори ту ку?!

Ёри латифи тари ту хуфта бувад дар бари ту,
Хуфта кунад нолаи хуш, хуфтаи бедори ту ку?!

Гоҳ намояш раҳе, гӯш бимолаш гаҳе,
Дам зи даруни ту занад, маҳрами асрори ту ку?!

Зинда кунад ҳар ватане, нола кунад бедаҳане,
Фитнаи ҳар марду зане, ҳамдами гуфтори ту ку?!

Даст биниҳ бар раги ӯ, тез равон кун таки ӯ,
Ай дами навравнақи мо, равнақи бозори ту ку?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.