Симбаро, зи сими ту симбарам, ба ҷони ту!

Симбаро, зи сими ту симбарам, ба ҷони ту!
В-аз майи нав, ки додайӣ, ҷон набарам, ба ҷони ту!

Захми гарон ҳамекашам, захм бизан, ки ман х(в)ашам,
Гарчи даруни оташам, ҷумла зарам, ба ҷони ту!

Ҳар нафасе, ки он расад, кори дилам ба ҷон расад,
Гарчи зи по даромадам, ҷони сарам, ба ҷони ту!

Шакли табиби ишқи ту омаду дод шарбате,
Хӯрдам аз ону ҳар нафас ман батарам, ба ҷони ту!

Нури ду чашму нури маҳ чун бирасад, яке шавад,
Ту чу маҳӣ ба ҷони ман, ман басарам ба ҷони ту!

Ҳар чи ки дар назар бувад, баста бувад имораташ,
Аҳ, ки чунин хароб ман аз назарам, ба ҷони ту!

Дар Табрези Шамси дин ҳаст баландтар шаҷар,
Шоду бабаргу бонаво з-он шаҷарам, ба ҷони ту!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.