Ту камтархорайӣ, ҳушёр мерав

Ту камтархорайӣ, ҳушёр мерав,
Миёни кажравон раҳвор мерав!

Ту он хунбе, ки ман дидам, надидӣ,
Маро хунбак мазан, ай ёр, мерав!

Зи бозори ҷаҳон безор гаштам,
Ту даллолӣ, суйи бозор мерав!

Чу ман эзор подастор кардам,
Ту по бардору бо дастор мерав!

Маро то вақти мурдан кор ин аст,
Туро кор аст, сӯйи кор мерав!

Маро он ринд бишкастаст тавба,
Ту марди сойимӣ, ноҳор мерав!

Шунидӣ фазли Шамсуддини Табрез,
Надорӣ дида, дар иқрор мерав!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.