Гаронҷонӣ макун, ай ёр, баргӯ,

Гаронҷонӣ макун, ай ёр, баргӯ,
Аз он зулфу аз он рухсор баргӯ!

Зи боғи ҷон ду-се гулдаста барбанд,
Ҳикоятҳои он гулзор баргӯ!

Зи ҳуснаш гуфтанӣ бисёр дорӣ,
Малулӣ гӯша ниҳ, бисёр баргӯ!

Зи ёди дӯст ширинтар чӣ кор аст?!
Ҳало, маншин чунин бекор, баргӯ!

Чи гуфтӣ дӣ, ки «ҷӯшидаст хунам?».
Биё имрӯз, дигар бор баргӯ!

Зи ёди олами ғаддор бигзар,
Зи лутфи оламуласрор баргӯ!

Зи лофи фитнаи тотор кам кун,
Зи нофи оҳуйи тотор баргӯ!

Зи ишқи ҳусни Шамсуддини Табрез
Миёни ошиқон осор баргӯ!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.