Ай сабо, боде, ки дорӣ дар сар аз ёре, бигӯ!

Ай сабо, боде, ки дорӣ дар сар аз ёре, бигӯ!
Гар нагӯйӣ бо касе, бо ошиқон боре бигӯ!

Қисса кун дар гӯши мо, гар дигарон маҳрам наянд,
Бо дили пурхуни мо пайғоми дилдоре бигӯ!

Он Масеҳоҳуснро, донам, ки медонӣ куҷост,
Бо касе, к-аз ишқ дорад баста зунноре, бигӯ!

Бонг барзан ошиқеро, к-ӯ ба гул машғул шуд,
Гӯ, ки шармат бод аз он рух, тарки гулзоре бигӯ!

Ай сабо, хуш омадӣ, чун бозгардӣ сӯйи дӯст,
Ҳоли ман дуздида андар гӯши айёре бигӯ!

Савсане бо сад забон гар ҳоли ман бо ӯ бигуфт,
Ту чу наргис безабон аз чашми асроре бигӯ!

Бо чунон ғайрат, ки ҷон дорад, бигуфтам: «Пеши халқ
Шамси Табрезӣ бигӯям?!» Гуфт ҷон: «Оре, бигӯ!».

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.