Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав

Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав,
В-ай зи нурат нақш баста ҳар замоне ҳури нав!

Каж нишину рост биншав, ақл монад ё хирад,
Соқие чун туву ҳар дам бодаи мансури нав!

Кӣ тавонад шишаеро з-оташе бардоштан?!
Ё майи куҳна кӣ донад сохтан з-ангури нав?!

Майчашону майкашон равшандилонро ҷавқ-ҷавқ,
Тоза мекун ин ҷаҳони куҳнаро аз шӯри нав!

Ишқи ишратпешайӣ, ки давлатат поянда бод,
Рӯз-рӯзат иди тоза, ҳар шабонгаҳ сури нав!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.