Мутрибо, асрори моро бозгӯ

Мутрибо, асрори моро бозгӯ,
Қиссаҳои ҷонфазоро бозгӯ!

Мо даҳон барбастаем имрӯз аз ӯ,
Ту ҳадиси дилкушоро бозгӯ!

Ман гаронгӯшам, биниҳ рух бар рухам,
Ваъдаи он хушлиқоро бозгӯ!

Моҷарое рафт ҷонро дар аласт,
Бозгӯ он моҷароро, бозгӯ!

Махзани инно фатаҳно баркушо,
Сирри ҷони Мустафоро бозгӯ!

Мустаҷоб омад дуъойи ошиқон,
Ай дуъогӯ, он дуъоро бозгӯ!

Чун Салоҳуддин салоҳи ҷони мост,
Он салоҳи ҷонҳоро бозгӯ!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.