Ҳон, ай ҷамоли дилбар, ай шод вақти ту

Ҳон, ай ҷамоли дилбар, ай шод вақти ту,
Мо бо ту бас хушем, ки хуш бод вақти ту!

Некӯст ҳоли мо, ки накӯ бод ҳоли ту,
Хуш бод даври чарх, к-аз ӯ зод вақти ту!

Ҷону сари ту, ёр, ки андар димоғи мост,
Он ратлҳои май, ки ба мо дод вақти ту!

Аз қуввати шароб ба фарёд ҷоми ту,
В-аз партави нишот ба фарёд вақти ту!

Дар ҷой манигунҷад аз фахр ҷойи ту,
Куҳ меканад зи ишқ чу Фарҳод вақти ту!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.