Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту

Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту,
Ҳар ду яке будаем, ҷони ману ҷони ту!

Моҳи тамоми дуруст, хонаи дил они туст,
Ақл, ки ӯ хоҷа буд, бандаву дарбони ту!

Рӯҳ зи рӯзи аласт буд зи рӯйи ту маст,
Чанд, ки аз обу гил буд парешони ту!

Гил чу ба пастӣ нишаст, об кунун равшан аст,
Рафт кунун аз миён они ману они ту!

Қайсари румӣ кунун зангули конро шикаст,
То ба абад чира бод давлати хандони ту!

Ай рухи ту ҳамчу моҳ, нола кунам гоҳ-гоҳ,
З-он ки маро шуд ҳиҷоб ишқи сухандони ту!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.