Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш

Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш,
Шароби Салсабил аз чашмаи нӯш.

Ғуломи кист он луъбат, ки моро
Ғуломи хеш карду ҳарқадаргӯш.

Парипайкар буте, к-аз сеҳри чашмаш
Наёмад хоб дар чашмони ман дӯш.

На ҳар вақтам ба ёди хотир ояд,
Ки худ ҳаргиз намегардад фаромӯш.

Ҳалолаш бод, агар хунам бирезад,
Ки сар дар пои ӯ хуштар, ки бар дӯш.

Насиҳатгӯи мо ақле надорад,
Бирав, гӯ, дар салоҳи хештан кӯш!

Дуҳул зери гилем аз халқ пинҳон
Нашояд карду оташ зери сарпӯш.

Биё, эй дӯст, в-ар душман бибинад,
Чӣ хоҳад кард? Гӯ: Мебину меҷӯш!

Ту аз мо фориғу мо бо ту ҳамроҳ,
Зи мо фарёд меояд, ту хомӯш.

Ҳадиси ҳусни хеш аз дигаре пурс,
Ки Саъдӣ дар ту ҳайрон асту мадҳуш.