Дили ман, дили ман, дили ман бари ту

Дили ман, дили ман, дили ман бари ту,
Рухи ту, рухи ту, рухи бофари ту!

Санамо, санамо, агар ҷон талабӣ,
Бидиҳам, бидиҳам, ба ҷону сари ту!

Кафи ту, кафи ту, кафи раҳмати ту,
Лаби ту, лаби ту, лаби шаккари ту!

Дами ту, дами ту, дами ҷонваши ту,
Майи ту, майи ту, майи чун зари ту!

Дари ту, дари ту, дари бахшиши ту,
Гули ту, гули ту, гули аҳмари ту!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.