Бӯқаламун! Чанд аз инкори ту?!

Бӯқаламун! Чанд аз инкори ту?!
Дар кафи мо чанд халад хори ту?!

Ёри ту аз сирри фалак воқиф аст,
Пас чӣ бувад пеши вай асрори ту?!

Чанд бигӯйӣ ки «ҳамин бору бас?!»
Чанд аз ин, чанд аз ин бори ту?!

Ай зи ту бемор ҳабибу табиб,
Баста зи носури ту бемори ту!

Хурда майи ғафлату мункир шуда,
Бӯйи даҳонат шуда иқрори ту!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.