Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ

Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ,
Бар даст шароби ошнойӣ!

Бар мо хонӣ саломи сӯзон,
Ё Раб, чи латифу хуш балойӣ!

Моро бибарӣ зи сар ба ишва,
Девона кунию ҳойҳойӣ!

Моро чи адам, чи ҳаст, чун ту
Дар нест вуҷуд менамойӣ!

Дӣ карда ҳазор гуна тавба,
Бигрифта тариқи порсойӣ!

Чун бинад тавба, рӯйи хубат
Донад, ки адӯйи тавбаҳойӣ!

Бигрезад тавбаву дил ӯро
Фарёдкунон: "Биё, куҷойӣ?!"

Гӯяд, ки «расид марги тавба,
Аз тавба маҷӯ дигар кийойӣ!

Тавба агар аждаҳои нар буд,
Ай ишқ, зумурради Худойӣ!»

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.