Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш

Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш,
Яке бо он ки мехоҳад, дар оғӯш.

Надонад дӯш бар дӯши ҳарифон,
Ки танҳомонда чун хуфт аз ғамаш дӯш?

Накӯгӯён насиҳат мекунандам,
Зи ман фарёд меояд, ки хомӯш!

Зи бонги руду овои сурудам
Дигар ҷои насиҳат нест дар гӯш.

Маро гӯянд: Чашм аз вай бипӯшон,
Варо гӯ: Бурқаъе бар хештан пӯш.

Нишоне з-он парӣ то дар хаёл аст,
Наёяд ҳаргиз ин девона бо ҳуш.

Намешояд гирифтан чашмаи чашм,
Ки дарёи дарун меоварад ҷӯш.

Биё, то ҳар чӣ ҳаст, аз дасти маҳбуб
Биёшомем, агар заҳр аст, агар нӯш.

Маро дар хоки роҳи дӯст бигзор,
Бирав, гӯ, душман андар хуни ман кӯш!

На ёре сустпаймон аст Саъдӣ,
Ки дар сахтӣ кунад ёрӣ фаромӯш.