Миёни обу гил хилват гузидам

Миёни обу гил хилват гузидам,
Зи Афлотуну Форобӣ буридам.
Накардам аз касе дарюзаи чашм,
Ҷаҳонро ҷуз ба чашми худ надидам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»