Дило, рамзи ҳаёт аз ғунча дарёб

Дило, рамзи ҳаёт аз ғунча дарёб,
Ҳақиқат дар маҷозаш беҳиҷоб аст.
Зи хоки тира мерӯяд, валекин
Нигоҳаш бар шуъои офтоб аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»